Сокинони меҳнаткашӣ ноҳияи Файзобод соли сипаришударо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷанд. Симои ноҳия рӯз ба рӯз зеботару пурҳашамат мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматронӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар ноҳия далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпешаи ноҳия ин ҳамаро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, дилгармона ба сӯи фардои дурахшон гом мениҳанд.
Иҷрои буҷет
Дар давоми соли 2021 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуда, ба буҷа дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 62 миллион. 862,9 ҳазор сомонӣ, 65 млн. 211,1 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 103,7 фоизи нақша маблағ ворид шуд, ки аз нақша ба маблағи 2 млн 348,1 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн. 448,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 43 млн.672,9 ҳазор сомонӣ ба андозаи 100 % маблағҳо ворид гардид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 8 млн. 497,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби пардохти андозу даромадҳои худӣ ба ҷои 19 млн. 190 ҳазор сомонӣ, 21 млн. 538,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 122,2 %-и нақшаро бароб буда ё худ аз нақша 2 млн. 348,1 ҳазор сомонӣ ва нисбати соли гузашта 3 млн. 369,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 65 млн. 787,5 ҳазор сомонӣ, 64 млн. 476,2 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 98 фоиз хароҷот гардид, ки аз нақша 1 млн. 311,3 ҳазор сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн. 820,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Маблағи ҳаҷми бақияпулиҳо ба ҳолати 1 январи соли 2022 аз рӯи андозҳои пардохтнашуда 666,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 32,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 44340 сар ҳайвони калони шохдор, 108956 сар бузу гӯсфанд, 456753 сар паранда, 1559 сар асп ва 7969 оилаи замбури асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат соли гузашта 669 сар ҳайвони калони шоҳдор, 2066 сар бузу гӯсфанд, 43 сар асп, 242 оилаи занбури асал зиёд гардида, 20659 сар паранда кам мебошад.
Истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷумла, гӯшт 2868,5 тонна, шир 14834,3 тонна, тухм 71 млн 573,3 ҳазор дона, пашм 71 тонна ва асал 85,5 тонна расонида шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1193,8 тонна гӯшт, 124,3 тонна шир, 3 млн 171,7 ҳазор дона туҳм ва 2 тонна асал зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар ин давра дар самти фаъолияти соҳибкорӣ 11 млн. 33,3 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки ин нисбат ба соли 2020 2 млн. 581,7 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва сармояи хориҷӣ ба маблағи 6 млн. 355,6 ҳазор сомонӣ лоиҳаҳо дар самти таъмини таҷҳизотҳои тиббӣ, маводҳои доруворӣ, гузаронидани хати оби нӯшокӣ ва сохтмони муассисаи таълимӣ амалӣ карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2020 ба маблағи 3 млн. 867,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо
Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ба 301 млн. 23 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки аз ин 144 млн. 491 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 156 млн. 532 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли гузашта 30 млн. 455 ҳазор сомонӣ зиёд буда ё 111,2 %-ро ташкил медиҳад.
Айни ҳол дар ноҳия 3769 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 193,1га боғу токзори нав бунёд гардида, дар майдони 9438 га кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 3977,6 га ғалладонагиҳо, 667,6 га зироатҳои техникӣ, 817,2 га картошка ва 788,2 га сабзавот гузаронида шудаст. То ин давра ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликияташон 6353,8 тонна ғалладона, 612,3 тонна зироатҳои техникӣ, 13000,5 тонна картошка, 14712,9 тонна сабзавот, 159,6 тонна полизӣ, 5874,7 тонна мева, 859,9 тонна ангур ва 14988 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ карда шудааст.
Саноат:
Аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия новобаста аз шакли моликияташон бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 38 млн. 290,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда шудаст, ки нисбат ба соли гузашта 237,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии ҳадафи ҷоруми мамлакат-саноатикунонии босуръати рушди кишвар, як адад корхонаи нави саноати ҶДММ “Оби Файзобод” самти фаъолияташ истеҳсоли оби маъданӣ ва обҳои ранга бо таъсиси 30 ҷойи нави корӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Саҳми соҳибкорон дар ободии маҳал
Дар соли гузашта аз тарафи соҳибкорони ноҳия наздик ба 70 иншоот гуногунсамт мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Мулоашурӣ, Шаҳтакиён, Арзанова, Оҷилдӣ ва Дороб бунгоҳҳои саломатӣ, инчунин, дар деҳаи Мискинободи деҳоти Мискинобод беморхонаи минтақавии бемориҳои сироятӣ барои 50 кат, деҳаҳои Чилчашма ва Мискинобод толори варзишӣ ва маркази савдо, дар деҳаи Орифон ба истифода додани меҳмонхонаи сайёҳӣ ва истироҳатгоҳи “Анушервон”, дар деҳаи Очилдии деҳоти Чашмасор муассисаи таълими, 24 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 19, 26, 30, 42, 45 ва 64 бо таъсиси 603 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуда, инчунин дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шукурӣ, Навбаҳор ва Дараи алов корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Нақлиёт ва коммуникатсия:
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия бо ҳама намуди нақлиёти хизматрасонӣ теъдоди мусофирбарӣ ба 1 млн. 985,3 ҳазор нафар расонида шуда, боркашонӣ бошад ба 28,3 млн. тонна/км рост меояд, ки нисбат ба соли гузашта ин теъдод 16,9 ҳазор нафар мусофирон ва 0,7 млн. тонна/км гардиши бор зиёд мебошад. Инчунин дар давраи ҳисоботи бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ 2 км роҳи ҳудуди деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод, ва аз ҳисоби дигар лоиҳаҳо 3 км роҳҳои ҳудуди деҳаи Шерамони деҳоти Меҳробод ва Кулобиёни деҳоти Чашмасор дар умум 5 км роҳҳо мумфарш гардонида, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ноҳия шумораи истифодабарандагони интернет ва алоқаи мобилӣ тавассути «ҶСК Тоҷиктелеком» 1160 ададро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Маориф:
Дар ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 16 марказҳои инкишофи кӯдакон бо фарогирии 530 кӯдак фаъолият менамояд. Инчунин сохтмони муассисаи хусусии томактабӣ дар деҳаи Мискинободи деҳоти Мискинобод дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Айни замон дар ноҳия 65 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 46 муассисаи миёнаи умумӣ, 12 муассисаи умумии асосӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 26217 нафар аз он ҷумла, 12826 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар баробари ин дар давоми соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ 1 муассисаи таълимӣ бо 180 ҷойи нишаст ва бо саҳми соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 24 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 603 ҷойи нишаст сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1430 омӯзгор, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 нафар кам буда (691 зан), аз ҷумла дорои таҳсилоти олӣ 957 нафар, олии нопура 326 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 147 нафар фаъолият мекунанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 853 компютер, 228 принтер, 55 генераторҳои барқдиҳанда, 14 кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва 56 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ мавриди истифода қарор доранд.
Фарҳанг:
Дар ҳудуди ноҳия 18 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 82372 нусха китобҳо, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 4 хонаи фарҳангӣ ва қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ансамблҳои тарона ва рақс, ансамбли шашмақомсароён, театри халқӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ фаъолият менамоянд.
Дар ин давра кормандони соҳаи фарҳанг дар намоиши чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба сокинони ноҳия иштироки фаъолона дошта, инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Андалеб 2021” ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардида, инчунин аз тарафи ҳунармандон, сарояндагон ва шогирдони мактаби санъати ба номи Д.Алиевдар дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” иштирок намуда, дар номинатсияи компазиторӣ Соҳибназаров Кароматулло ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор гардид.
Тандурустӣ:
Дар ноҳия 58 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Меҳробод ва Мискинобод, ки дорои 200 кат мебошанд, амал менамоянд. Имрӯзҳо ба аҳолии ноҳия 16 марказҳои тиббӣ ва 38 бунгоҳҳои саломатӣ, 5 марказҳои соҳавӣ хизмати тиббӣ мерасонанд, ки дар он 100 нафар духтурон ва 442 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият доранд. Инчунин бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Мискинободи деҳоти Мискинобод беморхонаи минтақавии бемориҳои сироятӣ барои 50 кат бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҷавонон ва варзиш:
Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 32264 нафарро ташкил медиҳад, 20 нафар хонандагони ноҳия гирандагони стипендияи президентӣ ва 20 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.
Дар ноҳия дар маҷмӯъ 84 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз он фаъолият доранд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад зиёд мебошад.
Варзишгарони ноҳия дар ин давра, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори 37 медали тилло, 43 нуқра ва 74 биринҷӣ гардидаанд.
Дар ноҳия ёдгории таърихӣ бо номи Вашгирди бостонӣ, ки яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои воқеъ дар роҳи Абрешин дар ҳудудӣ Осиёи марказӣ ба шумор мерафт, ҷойгир мебошад. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихию фарҳанги – мақбараи Хоҷа Ҳотами Ассам, нимпайкараҳои Рӯдакӣ, Дӯстмурод Алиев ва Ҳикмат Ризо мавҷуд мебошанд, ки ҳамчун ёдгории таърихию фарҳангии ноҳия ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар ноҳия захираҳои туристӣ ба монанди чашмаҳои шифобахш, Оби маъдании «Файзобод», воқеъ дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод, чашмаи Элок, воқеъ дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашт, Оби шӯрак, воқеъ дар деҳаи Қуруғи деҳоти ба номи Д. Алиев, шикоргоҳ ва лойи табобатии Сиёҳгулӣ бо шароити хуби куҳнавардӣ ва дигар ҷойҳои таббиии сайру сайёҳат мавҷуд мебошанд.
Вале дар онҳо бинобар сабаби набудани сармояи дахлдор имконияти хизматрасонии сайёҳӣ фароҳам оварда нашудааст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 10 адад ошхона ва 4 адад ташнобҳои сарироҳӣ, 18 адад истгоҳи замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии савдо, 3 адад нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, ҳаммом ва шаҳрчаи хаймавӣ барои истироҳати муваққатии сайёҳон сохта мавриди истифода қарор дода шудааст. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Орифони деҳоти Мискинобод як адад меҳмонхонаи сайёҳӣ ва як адад истироҳатгоҳ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта маври истифода қарор дода шуд.
Меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
Дар соли 2021 дар ноҳия 148 нафар шаҳрвандон бо ҷои нави корӣ таъмин шуда, 76 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 644 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 60 нафар ба маблағи 256,8 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 953,6 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 46 сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 105 фоизро ташкил менамояд.
Дар ноҳия 8399 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии нафақапулиҳо 28 млн.577,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва айни замон пурра пардохт карда шудааст.
Қарздории музди меҳнат аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар ноҳия мавҷуд нест.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар ноҳия барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, 10 комиссияҳои доимӣ ва 84 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Дар ноҳия 6 масҷиди ҷомеъ ва 23 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 1686 тӯйи домодию аз 216 маъракаи чил, 149 маъракаи сол, ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи хароҷоти умумии маъракаҳо ба ҳисоби миёна 6 млн 744 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбати соли 2020 491 туйи домодию арусӣ, 102 маъраки чил, 85 маъраки сол зиёд гардида, маблағи умумии маъракаҳо 2 млн. 561,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2021 вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, ки дар муқоиса ба соли 2020 1 ҳолати қонуншиканӣ кам мебошад.
Рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»:
Ҷиҳати амалигардонии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП-1059 дар ноҳия ҳар моҳ маҷлисҳои гурӯҳи корӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, раисони маҳаллаҳо ва дигар фаъолон доир мегарданд, ки дар он ҷараёни иҷрои Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ карда мешаванд. Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии 374 лоиҳаҳои ободонию бунёдкорие, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, то охири соли 2021 323 адад онҳо ё 86,4%, аз ҷумла, 16 иншооти соҳаи маориф, 35 иншооти соҳаи тандурустӣ, 4 иншооти соҳаи фарҳанг, 18 иншооти варзишӣ, 4 адад рушди сайёҳӣ, 5 ҳаммом, 7 сартарошхона, 4 кошонаи ҳусн, 11 дорухона, 79 марказҳои хизматрасонӣ, 9 хатҳои оби нӯшокӣ, таъмири 28 адад роҳу пулҳо, 2 сардхона, 2 адад гармхона, 4 адад корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва 95 адад иншооти таъйиноти дигар сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Нақшаи қаблии корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 аз 352 банд таҳия гардида буд, ки иҷроиш нисбати нақшаи қаблӣ 92%-ро ташкил медиҳад, аммо бо сабаби гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ, ватандорӣ дар байни соҳибкорон ва сокинони маҳал ҷиҳати корҳои ободонию бунёдкорӣ соли 2020 тибқи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 22 адад иншоотҳои нав ба нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ илова карда шуда, шумораи он ба 374 адад расонида шуд.
Маблағи умумии иншоотҳои баистифодадодашуда ва дигар корҳои ободонии ба анҷомрасонидашуда 68 млн. 888,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 19 млн. 975,3 ҳазор сомонӣ дар соли 2018, 21 млн. 280 ҳазор сомонӣ дар соли 2019, 7 млн. 282,3 ҳазор сомонӣ дар соли 2020 ва 20 млн. 345,6 ҳазор сомонӣ давоми соли 2021 рост меояд.
Аз ҳисоби ба истифода додани бинову иншоотҳо ва дигар корҳои ободонию бунёдкории анҷомдодашуда 2145 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз он дар соли 2018 224 нафар, дар соли 2019 896 нафар, дар соли 2020 442 нафар ва соли 2021 583 нафар рост меояд.
Дар 51 иншоотҳои боқимонда корҳои сохтмонӣ аз 70 то 90 % ба анҷом расонида шудааст, аммо бинобар сабабҳои пандемияи COVID-19 ва дигар мушкилотҳои иқтисодию молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон ба истифодадиҳии онҳо дар давоми соли 2021 ғайри имкон гардида, дар соли 2022 мавриди истифода қарор додани иншоотҳои мазкур дар назар аст.
Муҳоҷирати меҳнатӣ
Дар ин давра шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳия ба 5707 нафар мерасад, ки аз ин шумора 417 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад. Шумораи муҳоҷирон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1265 нафар зиёд гардидааст.
Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон:
Дар соли 2021 ба дастгоҳи раиси ноҳия 3086 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки 2742 тои он ба иҷро расонида шудааст. Дар рӯзҳои қабули раиси ноҳия 942 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон баррасӣ карда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 177 муроҷиати хати кам гардида, 203 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ:
Дар соли 2021 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия 152 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 адад кам мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра 71,1 фоизро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020,19,1 фоиз кам мебошад.
Тибқи маълумотҳои муайянкардашуда 6 нафар сокинони ноҳия то соли 2020 дар кишварҳои хориҷа ба таҳсили ғайрирасмии динӣ машғул буданд, ки 5 нафари онҳо ба Ватан баргаштанд ва айни замон тақдири як нафари он номаълум аст. Аз ҳисоби мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудааст, ки мунтазам дар байни аҳолӣ оид ба риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, риояи анъанаҳои миллӣ, зарару оқибатҳои амалҳои экстремистию террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии паҳншавии хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои зараровар суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар ин мавзӯъҳо филмҳои ҳуҷҷатию саҳнаҳои театриро ба намоиш мегузоранд.
Дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳамагуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва тарғиби фарҳанги миллӣ ба роҳ монда шудааст ва он мунтазам идома дода мешавад.
Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Р. Сафаров