НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАР СОЛИ 2021

print
 24 январи соли 2022 дар толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод дар соли 2021 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод- Абдулло Азизов, раиси ноҳия, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Бобишо Холзода, роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва аъзои кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид. Дар оғоз оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод дар соли 2021 ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар соли 2022 Абдулло Азизов, ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2021 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ иштироки фаъол доштанд. Инчунин, дар тарғиби идеологияи миллӣ, дастгирии сиёсати созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сазовор гузоштанд. Зимнан масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид

 

 

 

 

 

Дар идомаи маҷлис Сафарбег Нурзода оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти икшвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Афзуд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ мақсадҳои асосии давлату Ҳукумати маҳсуб мегардад. Зикр гардид, ки вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтани рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ аҳаммияти таҳкиму густариши муносибатҳои байналмилалиро дучанд менамояд. Гуфта шуд, ки дар ин самт бояд ҳар ҷавони кишвар ва сокинони мамлакат зиракии сиёсиро тақвият бахшида, сиёсати давлату Ҳукуматро бо ҳамовозии самимӣ ҷонибдорӣ намоянд. Танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда халқу миллати тоҷикро ба ҳадафҳои навини давлатдорӣ мерасонад. Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ аъзоёни иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бобати тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқат Ватан, миллат, Президент ва амсоли ин мавзӯҳои набзи ҷомеа суханронӣ намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

Ҳамчунин, роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва раиси ноҳия, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия Бобишо Холзода дар ҷанбасти маҷлис суханрони намуданд. Дар охир ба таври тантанавӣ ба шаҳрвандоне, ки хоҳиши ба узвияти ҲХДТ қабул шудан доштанд шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, инчунин, як қатор фаъолони ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуданд.

   

Шарҳи худро гузоред

*

code