ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- РОҲНАМОИ НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

print

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ироа гардид, ки миллати тамадунофари тоҷик Ҷашни 30 – солии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд. Боиси ифтихори мо насли замони истиқлолият мебошад, ки аз рӯзҳои нахустини роҳбарияшон Сарвари давлат, ҳамеша дар зеҳнашон ва забонашон муҳаббату эҳтиром ва сулҳу ваҳдат ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азизамон буд. Маврид ба зикр аст, ки Роҳбари хирадманду дурандеш ба хотири мардуми азияткашида дар ҳамон солҳо, ки Тоҷикистон ба қисмҳо ҷудо шуда буданд ва касе бовар надошт, ки ин ҷавон метавонад, зимоми давлатдориро бар зиммаи худ гирад, албатта, метавонист зеро ин ҷавон Пешвои маҳбуби миллат пеш аз ҳама бо хиради азалӣ ва дӯстдории ватану мардуми азияткашидааш иродаи онро мустаҳкам намуду барои ояндаи Ватан талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ кард, ки имрӯз натиҷаи ин заҳматро насли имрӯзи кишвар дида истодааст. Тавре ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ироа гардид имрӯз дар тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ дигаргуниҳои куллан назаррас ба даст омадааст, ки танҳо мо метавонем онро дар давоми солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ҳис намоем зеро дар ин давра аз ҷониби соҳибкорону ҷавонони банангу номуси кишвар дар тамоми гӯшаҳои ҷумҳуриямон, дар деҳаҳои дуртарин тамоми шароитҳои мусоид барои мардум муҳаё шудааст, ки ин дастоварди бузург дар замони истиқлолият мебошад. Воқеан имрӯз мо ба ҳадафҳои дар пешистодаамон расида истодаем ва пешниҳоде, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, ки солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”- бахшида ба 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад, ин қадами бузург ва саривақтӣ дар зарфи 5- соли оянда мебошад, ки дар амали гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саноаткунонии босуръати кишвар нақши муҳимро мебозад. Ҳамзамон, Сарвари давлат дар суханронии худ, ҷавононро неруи созанда ва пешбарандаи чомеа медонанд, имрӯз низ ин суханони ва умед ба ояндаи неки ҷавонон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат садо дод, тавре иброз доштанд дар замони Истиқлолият имрӯзҳо дар 25 давлати хориҷӣ зиёда аз 42 ҳазор донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз инҳо 800 ҳазор нафарашон донишҷӯдухтарон мебошанд, ин дастоварди бузург дар замони Истиқлолият мебошад. Воқеан, ифтихори бузург аст гарчанде, падарону модарон ва бародарони мо дар ҳафтод соли Шӯравӣ имконияти таҳсил дар хориҷи кишварро надоштанд, вале барои насли имрӯз ва фардои кишвар ин имконият даст дод, ки ҷавонон дар хориҷа таҳсил менамоянд. Ҳамчунин, дар Паёми Пешвои миллат аз бузургиву марҳамати зан модар сухан рафт ва бузургии модари тоҷикро, ки мо аз модар ба дунё омадем ва бо навозишу меҳрубонии модарон ба воя расидем, дар суханронии худ баён доштаанд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ зикр мекунанд, ки ояндаи дурахшони Точикистон дар дасти ҷавонони донишманд, масъулиятшинос, донандаи забонҳои хориҷӣ ташаббускору созанда мебошад ва мо ҷавонон вазифадорем, ки тамоми масъулияти худро барои боз хам расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор гардидан ба бовариву эътимоди Сардори давлат талош намоем ва содиқонаву софдилона дар Ватани азизамон бо як масъулияти бузурги ватандорӣ хизмат намоем. Амалҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллатро расонида кумак ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд мардуми шарафманди тоҷикро водор месозад, бахусус, мо насли Истиқлолро пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.

Оятулло РАҶАБЗОДА,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code