МУСОБИҚАИ “ҲОМИИ ВАТАН” ДАР МТМУ №59 ДОИР ГАРДИД
Ба муносибати Ҷашни 29 – уми солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкори бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи маориф ва дигар сохторҳо дар ноҳия мусобиқаи варзиши идома дошт. Дирӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 даври сеюми минтақавии мусобиқаи ҳарбӣ–варзишии “Хомии Ватан” биёни ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаи Дашт ва Мискинобод доир гардид, ки дар он хонандагони 13 муассиса миёна аз ҷамоатҳои мазкур иштирок ва баромад намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 13 муассисаи зикр шуда 3 тои он рохат ба даври ноҳиявӣ гирифт, инчунин, муассисаҳое, ки фаъолияти хуб дар ҷорабини нишон доданд, бо “Сипосномаи” бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки даври ноҳиявӣ рӯзи 22 феврал дар арафаи Артиши миллӣ дар маркази ноҳия баргузор мегардад, ки дар он 9 муассисае, ки рохат доштанд ширкат меварзанд.