ТАҶЛИЛИ ИДИ МОДАР ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
 Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Бобишо Холзода зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ин рӯзи идашон табрик гуфта, барояшон рӯзгори ободу осударо таманно карданд.
Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар кишвар ҷашн гирифтани Рӯзи Модар ин нишони эътибору эҳтироми зиёд давлат ба занону бонувон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзанд беназир аст.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолзанони ноҳия Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотирмон супурда шуд. Ҳамчунин, наздик ба 30 занони собиқадор ва 90 модароне ки писаронашон дар хизмати Ватан Модар мебошанд бо туҳфаҳоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир бо иштироки санъаткорони кишвар ва шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ барои болидарӯҳии модарон баргузор гардид.
Маврид ба зикр хос аст, ки Рӯзи модаронро дар тамоми гӯшаву канори ноҳия, бахусус, дар мактабҳои миёнаи умуммӣ ҷашн мегиранд.

ҶАШНИ ИДИ МОДАР ДАР МТМУ №59

Ба муносибати Рӯзи Модар дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод чорабинии идона доир гардид. Чорабиниро хонандагони муассисаи маскур, ки он фарҳангию фароғатӣ буда, аз қироати шеъру тарона, маърӯзаву сурудҳои дилнишин ва саҳначаи пандомӯзу ибратомӯз оғоз намуданд. Омӯзгорону хонандагон чорабиниро бо шавқу мароқи хоса тамошо карданд.
Дар оғоз сардори муассиса Алиев Тағой суханронӣ намуда, кулли бонувон ва хонандагонро бо ин рӯзи фархунда таҳният гуфтанд. Ҳамчунин, ташаббускорони чорабинӣ хонандагони синфи 11 бо ироаи суханони пурмуҳтаво дар ситоиши зан-модар ҳозиринро бо омадани баҳор ва фарорасии Наврӯз самимона табрик намуд.
Хонандагони муассиса, тавонистанд дили аҳли толорро шод гардонанд. Дар маҳфил саҳначаи пандомӯзро хонандагон тавре пешкаш намуданд, ки аз чашмони аксарият аҳли толор ашк беихтиёр ҷорӣ гардид. Хонандагони муассиса бо маҳорати хосаи шогирдона, вале то андозае касбӣ тавонистанд бузургии меҳри модарро ба маъраз гузоранд.
Ташкили чунин мафҳилҳо миёни хонандагон басо ибратомӯз буда, аз он метавон ғизои хуби маънавӣ гирифт.
Дар ҳақиқат, меҳри модар поён надорад. Мо дар канори модар ба воя мерасем. Инсон танҳо баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар ба қадру қимати ӯ мерасад. Пас, биёед, ҳамсолони азиз, ҳамарӯз модарро гиромию азиз дорем. Ҳастии модарон ҳастии мост, -зикр карданд хонандагон.
Ҳамин тавр, ҷамъомади мазкур бо қироати шеъри гурӯҳии дилнишине дар васфи модар хотима ёфт.

З. РАҶАБЗОДА

Шарҳи худро гузоред

*

code