БОЗДИДИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ АЗ БЕМОРХОНАҲОИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Бо мақсади шиносоии пайдо намудани хизматрасонии тиббӣ ва ҷараёни рафти табобати беморон 10 марти соли равон Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва раиси ноҳия Холзода Бобишо аз хизматрасониҳои беморхонаи марказии ноҳия ва аз шуъбаи Беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод боздид намуданд.
Ҳамчунин, Ҷамолиддин Абдуллозода, аз рафти табобати як қатор беморон ва хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, барои боз ҳам хуб бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ёдовар бояд шуд, ки беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар деҳоти Мискинобод аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ёфт. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ ҷалб шуда буд. Тибқи лоиҳа, беморхона дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, дар баробари ба истифода додани он беш аз 20 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Бояд гуфт ки беморхона 27 сентиябри соли 2021 бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода ба муносибаи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода дода шуд.

З. РАҶАБЗОДА

Шарҳи худро гузоред

*

code