Ҳамзамон, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуда.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон ба аҳолӣ таъкид намуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.
Маврид ба ёдоварист, ки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 10 рӯз дар ноҳия, ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳи бо мардум вохӯрию мулоқот доир намуда, баҳри вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, бахусус, кишти зироатҳои барвақтӣ, корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ, истифодаи самаранокии ҳар як ваҷаб заминҳои кишт, махусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон (Президентӣ) бо сокинон корбарӣ менамоянд.
Сокинони ноҳия бо боварӣ иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кору пайкори зиндагии худ қарор дода, самаранок истифода намудан, ва гирифтани 1-2 ҳосил аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ёрирасон ва хоҷагии деҳқонӣ барои эҳтиёҷоти оилаҳои худ ва дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.