Тавре қаблан хабар дода будем, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –юми марти соли 2022 ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд аз 2 то 10 апрели соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардиданд.
Чанде пеш дар Ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон ва Шаҳраки ноҳия бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Худоëрзода, раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Бобишо Холзода ва дигар сохторҳои марбута бо сокинони деҳотҳои маскур суҳбату мулоқот гузаронида шуд.
Дар вохӯри раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти Саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуда, ҳамзамон, аз мушкилоти рӯзгорашон пурсида шуда дастур дода шуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон ба қисми ҷомеаи ниëзманд бештар дасти кумак дароз карда шавад.