Таҳти чунин ном имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҳамоиши гирандагони стипендияи раиси ноҳияи Файзобод баргузор гардид.Дар ҳамоиши мазкур раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода фаъолони ноҳия, гирандагони стипендияи раиси ноҳия ва гирандагони стипендияи президентӣ иштирок доштанд.
Ҳамзамон, мудири бахши кор кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, шароити беназирро барои насли ҷавон ҳадя намуд. Пешвои ҷавонпарвари миллат барои наврасону ҷавонон тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам овардааст, то ки шумо илм омӯзед, забонҳои хориҷиро аз худ кунед, мутахассисони баландихтисос гардида, ба Ватану миллат содиқона хизмат намоед.
Таъсиси стипендияи раиси ноҳияи Файзобод дар партави намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонони кишварамон ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонадагон болаёқати ҷумҳури хоса ноҳияи Файзобод 33 нафар стипендияи Президентӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар идомаи чорабини раиси ноҳия шаҳодатнома ва маблағи гирандагони стипендияи раиси ноҳияро ба 33 нафар дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон супориданд.
Оятулло РАҶАБЗОДА,
мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия
