Ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии таъсисёбии ноҳияи Файзобод тавассути чопхонаи “Хирадманд” китоби “Куҳандиёр”. Рисола аз Вашгирди Бостон ва Файзободи Бӯстон” рӯйи чоп омад. Китоби мазкур маҷмуи очерку мақолаҳо ва сафарҳои Сарвари давлат ба ноҳияро дар бар мегирад.
Китоб бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯри бо сокинони ноҳия оғоз меёбад: “Мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Файзобод чун ҳарвақта бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва фазои орому осудаи Ватан софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои истеҳсолии нав ноил мегарданд ва диёри худро бо як гӯшаи ободу пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил медиҳанд”. Ин суханон, бешак, як навъ раҳнамо дар баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии сокини ноҳия мебошад.
Китоб дастовардҳои ноҳия ва таърихи беш аз 3000 – солаи Вашгирд, 90 соли таъсисёбии Файзобод ва даврони соҳибистиқлолии кишварро инъикос менамояд.
Таърихи Вашгирд аз ҳазорсолаҳо ибтидо гирифтаааст. Он яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда. Шоҳроҳи бузурги Абрешим аз ҳудуди он мегузашт. Дар асрҳои III – II пеш аз милод то охири асри XVI – милодӣ шаҳр обод, дорои қалъаҳои Сангину Фотимаю Зуҳро ва Шаҳристону Работ будааст. Онро Қалъаи Сангин ҳам ном мебурданд. Дар ин ҷо бори аввал соли 1946 бостоншинос Буверинский тадқиқот гузаронда, нигораву асбобҳоро пайдо кард, ки ба асрҳои I–II–и пеш аз милод тааллуқ доранд. Баъдан, Вашгирди бостонӣ соли 1978 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Давлатхоҷа Довудӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Маълум шуд, ки он дар гузашта маркази ориёинажодҳо буда, мардуми шаҳрдору шаҳрсоз, кишоварзу боғдор ва ҳунарманд доштааст.
Сардори давлат дар яке аз сафарҳояшон ба ноҳия зикр намуд, ки ҳоло ҳам омӯзиши Вашгирд пурра ба анҷом нарасидааст. Дар ҳолати пурра омӯзиш кардан ва таҳтиқот бурдан ба як гӯшаи бузурги сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ табдил меёбад.
Номи Вашгирдро муаррихон чунин шарҳ додаанд: “Вис” ё “Виш” ошиқ, «гард» ё «гирдшаҳр» гуфтанист, ки шаҳри ишқ ё ошиқшаҳрро ифода мекунад. Ҳамчунин, дар бораи Вашгирд дар китоби “Авесто” ва “Шоҳномаи”- и безаволи Абдуқосим Фирдавсӣ зикр шудааст.
Ноҳияи Файзобод бошад, дар даврони шуравӣ, чун воҳиди алоҳида таъсис ёфтаву аз ибтидои Истиқлоли давлатӣ дар роҳи рушд қадамҳои устувор гузоштааст.
Муаллифони навиштаҳо, аз ҷумла Ҷӯрабек Муъмин, Низомиддин Шамсиён, Мунаввара Тағоева, Тилло Соҳибназаров ва Ҳакматулло Акрамов дар бораи таърихи бунёд, пешрафти он дар соҳаҳои гуногун, гулгулшукуфии ноҳия, дастгирии Пешвои миллат матлабҳои хубу хонданӣ ва таҳлилӣ ба табъ расондаанд.