Чанде пеш дар ноҳияи Файзобод Ҷашни Иди Ғалаба бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Бахшида ба 77-умин солгарди Иди Ғалаба мардуми сарбаланди ноҳия дар боғи фарҳангии маркази ноҳияи ба номи шоири муосири тоҷик Бозор Собир ҷамъ омада, шахсиятҳои барои ҳифзи Ватан қурбон шудаанд, зери шиори “Ҳеқ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромуш намешавад” бо гузоштани гулчанбар ва пос доштани хотираи фарзандони баруманди нохия ёдоварӣ карданд.
Боиси зикр аст, ки мақсад аз баргузории чорабинии идона нақш бастани хизматҳои шоёни родмардони Ватан дар хотираҳои наврасону ҷавонон ва мардуми осудаи диёр аст.
Хамзамон, дар ҷанбасти чорабини аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Раупова консерти идона манзури бинандагон гардонида шуд.