ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

print
Ҳамасола дар кишвари азизамон 23-юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз дар толори Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Раупова чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода дар суханронии худ, кулли ҷавонони кишваро, бахусус, ҷавонони Меҳандӯсти ноҳияро ба ин муносибат табрик гуфта ва зикр намуданд, ки шумо ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа далерона фаъолият намуда, дар пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла ноҳияи Файзобод ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат карда, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми назаррас мегузоред.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар зарфи беш аз 30-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Ҷавононро зарур аст, ки дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ бо афкору ақидаи солим, садоқату ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз ҳуввияти миллии хеш устувор бошанд. Чуноне давлату Ҳукумат ба ҷавонон такя карда, онҳоро ояндаи халқу пойдории миллат меноманд, онҳо низ бояд баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ва рушду нумуи он ҳамеша ҳушёру омода бошанд.
Инчунин, дар рафти чорабини ба муносибати Рӯзи ҷавонон ба як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҳамчунин, дар охир консерти идона манзури бинандагон гардонида шуд.

Шарҳи худро гузоред

*

code