МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯ

print
Чанде пеш дар Филармонияи халқии ноҳия ба номи Нигина Рауфова, машварати августӣ кормандони соҳаи маорифи ноҳия доир гардид.
Дар машварати августӣ раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода, намояндаи вазорати маориф ва илм Муҳаммадмурод Бобомуродов, омӯзгорону хонандагон, сохторҳои қудратӣ, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигӣ ва дигар сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Нахуст, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Тағоймурод Ғуломов кори машваратро бо сухани ифтитоҳии оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маориф дар соли таҳсили 2021-2022 суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, Махфирад Рашидзода, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия, оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои дар ин соҳа ҷой дошта, дар соли таҳсили 2021-2022 ҳисобот дод. Дар идома Иқлима Мирзоева директори МТМУ №35 ва Фазлиддин Азимов директори МТМУ №5 оид ба фаъолияти соҳа баромад намуданд.

Сипас, раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода баромад карда, омӯзгорону хонандагонро бо оғози соли хониши нав табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи хониши хуб ва кору пайкорашон дастовардҳои нав ба навро таманно карданд. Ҳамчунин, ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ соҳаи маорифро соҳаи калидии рушди мамлакат арзёбӣ намуда, зикр карданд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободии давлат ва Ватан мебошад”.
Ин суханҳо маорифчиёнро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани кадрҳои баланд ихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияи иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Инчунин, раиси ноҳия изҳор дошт, ки барои бозҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби доираи васеи устодону хонандагон баҳри иштирок дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ тадбирҳову чораҳои судманд андешида дашавад.

Баъдан дар кори машварати августӣ Муҳаммадмурод Бобомуродов намояндаи вазорати маориф ва илм, баромад намуда кормандони соҳаи маорифи ноҳияро бо оғози соли нави таҳсил табрик карда ба онҳо бурдбориҳо ва ноилгардидан ба дастовардҳои назаррасро таманно кард.
Маврид ба зир аст, ки дар идомаи машварат ба як қатор омӯзгорони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва шуъбаи маорифи ноҳия тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки дар рафти машварати августӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли таҳсили 2021-2022 медалу ифтихорнома супурда шуд. Аз ҷумла, Бибирамзияи Фирдавсӣ хонандаи синфи 10 МТМУ №15 аз фаннӣ таърих иштирок намуда сазовори ҷойи якум (медали тилло), Сайфиддинов Маҳмадюсуф хонандаи синфи 5 МТМУ №3 аз фаннӣ математика ҷойи дуюм (нуқра), Раҳматов Олимҷон хонандаи синфи 6 МТМУ №41 математика ҷойи сеюм (биринҷӣ), Ғафуров Маҳина синфи 11 МТМУ №16 аз фаннӣ забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюм (биринҷӣ), Шарифзода Нушин синфи 7 МТМУ №1 ҷойи сеюм (биринҷӣ) ва Комилов Исмоил бо ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Дар баробари ин, ба устодони онҳо низ туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.
Дар охир идомаи машварат аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ баргузор гардида, ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code