ФАЙЗОБОД ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТИ ҶАШНӢ

print
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвар ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат корҳои ободонию созандагӣ вусъат гирифта, симои шаҳру деҳоти мамлакат беш аз пеш ободу зебо гашта истодааст.
Бахшида ба таҷлили сазовори ин Ҷашни таърихӣ дар ноҳияи Файзобод сохтмону навсозии иншоот дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, инчунин, таҷдиду навсозии роҳу маҳаллаҳо авҷ гирифта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд.
Аз ҷумла, ба муносибати Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода ва раиси ноҳия Бобишо Холзода бунгоҳи саломатии деҳаи Бӯстон, МТМУ № 42-и деҳаи Навбаҳор, бинои паноҳгоҳ барои ҳолатҳои фавқулода дар деҳаи Кенҷаобод, хатти оби ошомиданӣ барои деҳаҳои Сурхдара, Боғи мирӣ ва Файзободи деҳоти Дӯстмурод Алиев, чойхонаи миллии “Шоми Файзобод”, мумфаршкунии роҳи деҳаҳо, сехи коркарди чӯб ва осиёб, муассисаи таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №4, пули мошингузар, сехи дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин Ҷашни муборак чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор додааст.
Ба муносибати ин Ҷашн дар ноҳия бунёду навсозии беш аз 100 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ин дам қисме аз онҳо ба истифода дода шуд, ки ба бахшҳои гуногун марбутанд. Айни замон дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар назар аст, ки теъдоди иншоот бештар шавад.

Бознашр Зикруллоҳ РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”

Шарҳи худро гузоред

*

code