Дирӯз дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати шаҳраки “30 – солагии Истиқлол”- и ноҳияи Файзобод бо иштироки муовини аввали раиси ноҳия Ҷаҳонбек Амонализода, Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Эмомиддин Насриддинзода, раиси ҷамоат Наврӯз Нуриддинов, сардорони хоҷагии деҳқонӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати натиҷагири аз фаъолияти ҷамоат дар соли 2022 маҷлис доир гардид, ки дар он муваффақиятҳо ва камбудиҳои фаъолияти кории ҷамоати шаҳрак аз ҷониби раиси он Наврӯз Нуриддинов, гуфта шуд. Инчунин, иштирокчиёни маҷлис пешниҳодҳои худро барои соли 2023 карданд…
Ҳамзамон, муовини аввали раис ноҳия вобаста ба нақшаи соли 2023 баромад намуда, зикр карданд, ки барои бозҳам ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватан корҳои бештаро бояд, басомон расондан даркор. Ҳамчунин, Ҷаҳонбек Амонализода доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ ҷиҳати рушди маҳал, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ва эмгузаронии аҳолӣ сухан гуфтанд.
Инчунин, гуфта шуд, ки вазифаи асосии падару модар ин тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои фарзанд мебошад.
Дар хотимаи маҷлис Наврӯз Нуриддинов зикр кард, ки Ҷамоати шаҳраки “30 – солагии Истиқлол”- и ноҳияи Файзобод ва мардуми меҳнаткаши он минбаъд низ тамоми саъю кӯшиши худро барои татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарият равона сохта, соли 2023-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳем кард.
Дафтари матбуоти раис ноҳия