ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

print
Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия Бобишо Холзода, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва кормандони бахшу идораҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар деҳаи Якабед ва Шукурии деҳоти Меҳробод ноҳия миёни аҳоли суҳбату мулоқотҳо вобаста ба Паёми Пешвои миллат доир гардид. Дар мулоқот раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд.

Ҳамзамон, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, инчунин, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо кишти зироатҳо, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, таъминоти онҳо бо лавозимоти хониш, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code