Табрикоти раиси ноҳияи Файзобод муҳтарам Холзода Бобишо Нарзулло ба муносибати 30 – юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

print

Ҳамасола халқи шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 – юми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил менамоянд.
Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишваро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.
Дар сӣ сол артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.
Боиси ифтихору хушнудист, ки садҳо нафар ҷавонони бо нангу номӯси ноҳияи мо низ ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар бо сарбаландиву бошарафона адо менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохтории он баҳри тарбияи ватанпарастии ҷавонон пайваста чораҳоро амалӣ намуда, барои аскарони аз ноҳия даъватгардида, ки дар ҷузъ томҳои Артиши миллӣ адои хизмат мекунанд, ғамхориҳо зоҳир намуда, мунтазам аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.
Бори дигар ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо, инчунин, тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.
Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Шарҳи худро гузоред

*

code