– Хизмат кардан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд, – зикр кард раиси ноҳия. Моҳпари Файзуллоева, модари яке аз давъватшавандагон аз зиёд шудани теъдоди ҷавонони ватандӯст изҳори хушҳолӣ кард. Ӯ иброз дошт, ки солҳои охир зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, шоистаи таҳсин аст. Яъне, ҷавонон бо камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ омодаи хизматанд. Онҳо ба хубӣ дарк кардаанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмард аст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки имрӯз маҳз шумо – ҷавонони соҳибиродаи Ватанро мо меросбарони гузаштагони шуҷои худ меҳисобем ва барои шумо шарафи бузург аст, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизро ба шумо бовар мекунанд. Сарвари давлат ба неруи созанда ва бузурги ҷавонони саодатманд ва ҳимоятгарони хоки аҷдодӣ бовар дошта, амнияту субот ва пешрафту шукуфоии кишварро дар ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва бозувони қавии шумо мебинанд. Итминон дорем, ки қарзи худро бо сари баланд дар назди Модар – Ватан адо хоҳед кард.
Файзулло Самиев, яке аз ҷавонон, ки имрӯз хизматро бо сари баланд, адо намуда истодааст баромад кард…
Дар анҷоми чорабинӣ модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газонданд. Инчунин, ҳунармандон барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд.
Ёдовар мешавем, ки наваскарон пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати хонандагӣ супурда шуд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳия.