Даврони соҳибистиқлолӣ барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон дар Тоҷикистони азизамон марҳилаи тозае оғоз намуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар кишварамон ҳамчун иди миллӣ эълон гардида, боиси ифтихори мардуми тоҷик гардид. Меҳргон ин иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат ба ҳисоб меравад. Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукӯҳи он башорати рӯзгори босаодати ҳар яки мост. Воқеан ҳам чӣ тавре Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.
Ҳамин аст, ки бо омади фасли тирамоҳ ва анҷоми ҷамъоварии ҳосили расонидаи худ марди деҳқон ба таҷлили ҷашни Меҳргон мепардозад. Ва имрӯзҳо дар ҳар кунҷу канори сарзамини куҳанбунёди Тоҷикистони азизамон ин ҷашни мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Зеро ҷашни Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодонамон ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад, ки дар таърих сарчашмаҳои қадима дорад ва Меҳргон баробари Садаю Наврӯз дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон аз ҳалқаҳоест, ки онро кишоварзон дар ҷамъбасти ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекарданд.
Дар ноҳияи мо ҳам, ки аслан ноҳияи кишоварзист ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар боғи фарҳангу фароғатии “40-солагии Ғалаба”-и маркази ноҳия таҷлил гардид.
Кишоварзон ба маърази тамошо дастовардҳои беҳтарини хешро гузошта буданд.
Муовини аввали раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни дастранҷи деҳқон табрик намуда, таъкид дошт, ки кишоварзони ноҳия барои дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани ҷашни Меҳргон бо тамоми ҳастӣ кору пайкор намуданд ва боварӣ бахшид, ки деҳқонони файзободӣ ҳам баҳри ободии ватан, пешрафти Тоҷикистони азиз пурмаҳсул меҳнат менамоянд, то дастранҷи онҳо берун аз ноҳия ҳам чун солҳои Шӯравӣ шинохта бошад.
Ҳамчунин Достзода Мансур Тағой ба як гурӯҳ кишоварзони муваффақи ноҳия аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим кард.
Сипас санъаткорони ноҳия пешкаши ҳозирин дастагули суруду таронаҳои идонаро манзур гардониданд, ки он хеле диданӣ ва хотирмон буд.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар ноҳия бозгӯи рӯзгори хушу арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгонамон аз ҷониби мардуми ин диёри сарбаланд буд.