Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия нақша – чорабиниҳо тасдиқ гардидааст, ки он аз 140 банд иборат мебошад. Иншооти мазкур ба соҳаҳои иҷтимоиот, фарҳанг, маориф тандурустӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳои гуногунсамт марбут аст.
Чанде пеш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода ва муовинони раиси ноҳия бо соҳибкорону фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вобаста ба иншоотҳое, ки ба муносибати ҷашни миллӣ сохта мешавад сухан рафт.
Гуфта шуд, ки саҳми соҳибкорон дар бунëди иншоотҳо, амалӣ намудани нақшаҳои бунëдкориву созандагӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушду нумуъи Ватани азизамон назаррас мебошад.
Ҳамзамон, раиси ноҳия дар анҷоми вохӯрӣ аз соҳибкорон даъват ба амал овард, ки барои ҳамкорӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ, бунëди иншоотҳои ҷашнӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо фаровон истифода баранд.