ФАЙЗОБОД-ДИЁРИ ЗЕРИ ГАРДУН

print

Солҳои охир тавассути саховатмандиву меҳнати босуботи ҳамдиёронамон дар ҳар гӯшаи ноҳияи зебоманзари Файзободи азиз, дигаргуниҳо ба чашм мерасад. Ҳамаи ин баробари ободу зебо намудани маҳалли зистамон ва афзун намудани ҳусни ноҳия гувоҳ аз нангу номуси диёрдорӣ, сарҷамъии мардум ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мебошад. Бо дарназардошти фикру андешаи хонандагони нашрия мо тасмим гирифтем, ки зери рубрикаи «ОБОДКОРӢ МАРОМИ МО» аз хусуси ободкориҳои дар ноҳия амалишуда ҳарф бизанем. Андешаҳои поёнӣ нахустнавишта дар мавзӯи мазкур аст.

Файзобод як гӯшаи ободи Тоҷикистони азиз аст, ки бо табиати афсункору таърихи бою рангинаш, бо оби шифобахшу помидори сурхи сергӯшташ, фарзандони фарзонаву шоирони тавонояш кайҳост, ки дар дилу дидаи мардум ҷо гирифта, шуҳрат пайдо кардааст. Тайи ду соли охир ҳар шахсе, ки аз ин ноҳияи мо гузар кунад, бо матонату ҷасорат ва созандагиву ободкории ин мардум аҳсант мехонад, чаро ки дар ҳақиқат ин куҳандиёр симои худро ба куллӣ тағйир дода ободу дилрабо гардидааст.

Аз талу теппаҳои ваҳшатангези ду тарафи шоҳроҳи Душанбе – Рашт, ки бехабар аз қудрати инсонӣ бо виқор қомат баланд намуда, дар синаи худ лонаи парандаҳоро ҷой дода, як макони ноободу нодаркорро аз худ мемонданд, имрӯз асаре намондааст. Ҳамаи онҳо тахту ҳамвор гардида, дар он дарахтони ҳамешасабзи арча шинонида шудаанд, ки имрӯз сабзу мунавваранд. 4-5 сол пеш дар маркази шаҳраки Файзобод шабона касро тарсу воҳима зер карда, намегузошт, ки аз хонаҳо берун шаванд. Ягон-ягон корафтодаеро дучор шудан мумкин буд, ки барои роҳи худро равшан кардану аз чуқуриву сагҳои дайду муҳофизат намудан, чароғакҳо дар даст аз пайи кори худ буданд. Имрӯз чӣ?

Чароғон шудани ду тарафи роҳ аз даромад то баромади маркази шаҳрак ба мардум имконият фароҳам овардааст, ки шабона бо аҳли оилаашон ба сайру саёҳат баромада, аз хизмати нуқтаҳои хизматрасонӣ, чархофалаку майдончаи варзишии боғи фарҳангу-фароғатӣ, аз гулгаштҳои назди Парчаму Нишони давлатӣ ба таври бояду шояд баҳрабардорӣ намоянд, хастагии рӯзонаро дур карда як дами хуш зананд.

Рушди се самти соҳаи афзалиятнок – маориф, тиб ва фарҳанг низ аз мадди назар дур намондааст. Сохта ва мавриди истифода қарор додани мактабҳои наву замонавӣ дар деҳаҳои Бӯстон, Кенҷаобод ва Кӯлобиён, муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Меҳрободу Бӯстон, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Оби сангбур, Офтобрӯя, китобхонаҳо дар деҳаҳои Яккабед, Файзобод, Элок, Кабкрез ва Заркамар нишонаи бофазилатӣ, хирадмандиву фарҳангдӯстии роҳбари аввали ноҳия аст.

Ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳост, ки дар соҳаи маориф сатҳу сифати донишомӯзии хонандагон баланд гардида, мардум аз хизматрасонии кормандони соҳаи тиб изҳори миннатдорӣ менамоянд.

Бори аввал аст, ки санъаткорони ноҳия ба дастоварди бузург ноил гардида, дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардиданд. Имсол бошад онҳо дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорон «Биё, бо ҳам бихандем», шашмақомсароёни наврас «Ганҷҳои ҳунар», «Бӯстон-2017» ва гайра бомуваффақият баромад намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Дар соли ҷавонон сохта ба истифодадиҳии варзишгоҳи марказии ноҳия фоли нек буда, оянда ба рушди варзиш дар ноҳия мусоидат хоҳад намуд ва бо шарофати кушодашавии ин иншооти муҳим роҳи кӯчаи Розиқзода мумфарш гардида чароғон шуд.

Мо ҳама бояд шукргузорӣ аз тинҷиву амонӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намоем, ки ба ин рӯзҳои хуш расидем.

Бешубҳа дар амалӣ гаштани ҳамаи ин ниятҳои ободкорӣ саҳми тамоми сокинони ноҳия, соҳибкорон ва бахусус ҷаҳду талошҳои бевоситаи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ хело калон аст, ки мардумро боз ҳам муттаҳид сохтаву баҳри ободии диёру кишвар сафарбар менамояд.

Ҳабибуллои Мирзошариф,

фарҳангшинос, узви ИЖТ.

Шарҳи худро гузоред

*

code