“ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ”
Таҳти чуни унвон имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Бобишо Холзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш Сураҷ Чоршанбезода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Оятулло Раҷабзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабини ба фаъолон сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Маври ба гуфтан аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 15 то 19 май аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод рӯзҳои меҳмонӣ доир мегардад.
Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар ноҳия барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» баргузор гардида, гузаронидании бозиҳои гуногуни варзишӣ доир шуда истодааст. Инчунин, иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихӣ ва маконҳои сайёҳии ноҳия дидан карданд.
Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.