ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД БОБИШО ХОЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ ТАЪСИСЁБИИ 92- СОЛАГИИ НОҲИЯ

print

Дар ибтидо кулли мардуми Файзобод ва файзободиҳои бурунмарзиро ба муносибати таъсисёбии 92 – солагии ноҳияи Файзобод, муборакбод гуфта, барояшон сарбаландӣ, комёбӣ ва бурдбориҳои нав ба навро таманно дорам.
Имрӯзҳо мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод шукргузори аз сулҳу суботи кишвар намуда, барои ободу зебо гардонидани як гӯшаи Ватани худ, ҳамеша дар талош ҳастанд. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори Файзобод, ташаббусҳои ободониву бунёдкорона вусъати тоза касб кардаанд. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. Бо чунин раванди фарогири созандагиҳо, симои ноҳия боз ҳам зеботару пурҳашамат мегардад. Дар пешрафту ободии ноҳия сокинони он саҳми калон доранд.
Бори дигар ин рӯзи таърихиро барои ҳар яки сокинони ноҳия табрик гуфта, ба онҳо хонаи обод ва дар кору пайкорашон муваффақиятҳои навро таманно дорам.

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code