Маросими тантанавӣ бахшида ба Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар МТМУ №9 оғоз ёфта, раиси ноҳия муҳтарам Бобишо Холзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони фарафманди ноҳияро бо муносибати ин рӯзи таърихи табрику муборакбод намуд. Ҳамчунин, раиси ноҳия зикр карданд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бистушашҷумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва руҳияи баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда истоданд.
Барои расидан ба сулҳу оштӣ ва ин рӯзи мубораку фархунда халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ва дурандешию таҳамулпазирии Сарвари хеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.
Инчунин, дар идомаи ҷорабини Файзулло Наҷмиддиён вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, сокинони сарбаланди ноҳияро бо муносибати 26-умин согарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфтанд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷорабинӣ ба 30 хонандаи болаёқат, стипендияи раиси ноҳия дода шуд. Дар охир чорабинӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардид.