ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ БӮСТОН
Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод имрӯзҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Чанде пеш бо иштироки раиси ноҳия Бобишо Холзода, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва кормандони бахшу идораҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар Ҷамоати деҳоти Бӯстон миёни аҳоли суҳбат вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ, пос доштани фарҳанги миллӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан модар ва дигар мавзуъҳо доир гардид. Инчунин, дар мулоқот раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноатӣ дошта дар ҳудуди ноҳия дастгирӣ карда шаванд.
Ҳамзамон, доир ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва рӯёнидани ду ҳосил, вазъи муассисаҳои маориф ва тандурустӣ дар деҳот, корҳои ободонию созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, пардохти саривақтии андозҳо ва дигар масъалаҳои суҳбат намуд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.