Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бунёди 147 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз 52 иншоот ба истифода дода шудааст. Дар 95 иншооти боқимонда, аз қабили бинои комиссариати ҳарбии ноҳия, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Файзобод ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд. Ин матлаб зимни нишасти матбуотии ноҳияи Файзобод баён гардид.
Дар нишасти матбуотӣ иброз шуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин гардида, ба буҷети ноҳия дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 40 миллиону 139 ҳазор сомонӣ 42 миллиону 351,3 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 55 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 адад кам мебошад. Ошкоршавии ҷиноят дар ноҳияи Файзобод 93,2 фоизро ташкил медиҳад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»