БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ДЕҲОТИ ДӮСТМУРОД АЛИЕВ

print

Имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳи корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд Ҳар нафаре, ки вориди ин деҳот мегардад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. Мардуми заҳматпешаву заҳматқарини он ин ҳамаро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Дар робита ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонони деҳот дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Ҷамоати деҳоти мазкур роҳи 10-12 километраи байни маркази ноҳияву деҳаҳои Ҷамоат мунфарш шуда истодаанд. Саховатмандону соҳибкорони деҳаҳои Ҷонварсӯз, Файзобод, Боғи Мири, Қангелӣ, Сурхдара, Чуқурак ва Сайдонӣ дар пайравӣ ба созандагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори хайр карда истодаанд.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code