ДАР НОҲИЯ ОИД БА ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ОҚИБАТҲОИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА МАШҚИ ЗЕРНИЗОМӢ ГУЗАРОНИДА ШУД

print

Дар ноҳия давоми се рӯз дар мавзуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, бориши боронҳои пай дар пай ва омадани сел» машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода гузаронида шуд.
Зимни машқ аз ҳисоби кормандони масъули Кумита гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ аз тарафи мутахассисони Кумита ба комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва тахлия, сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ дар ноҳияи Файзобод ва иншооти иқтисодии ҷалбгардида оид ба дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва дар амал татбиқ намудани он кумакҳои амалию методӣ расонида шуданд.
Дар ин машқ намояндагони зернизоми вазифавии ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ҷумҳуриявӣ, ҳайати роҳбарикунандаи Комиссияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода, комиссияи тахлияи ноҳияи Файзобод, аҳолии тахлияшавандаи ноҳия бо шумораи умумии қувва ва воситаҳо зиёда аз 930 нафар, 33 механизм ва техникаҳои махсус ҷалб шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи худро гузоред

*

code