Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир ба як маъракаи хотирмон табдил ёфтааст. Бо беҳтар шудани шароит дар қисмҳои низомӣ аксар ҷавонон бо ҳиси баланди ватандӯстӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, барои саҳмгузорӣ дар ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ омодагӣ нишон медиҳанд. Падару модарон бо ифтихор аз писарони тарбиякардаи худ барои иҷрои сарбаландонаи ин қарзи фарзандӣ ба аскарони ҷавон дуои хайр медиҳанд.
Имсол низ баъди содир шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» шумораи зиёди ҷавонон бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихор аз ҳимояи Ватан ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии худ ҳозир гаштанд.
Имрӯз дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Файзобод маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ, ки ба хотири гусели наваскарон барпо гашт, раиси ноҳия Бобишо Холзода сухан ронда, зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони шуҷову ғаюри ноҳия барои адои қарзи шаҳрвандии худ тайёранд.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки хизмат кардан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Бузургмеҳр Исматуллоев, яке аз наваскарон зикр кард, ки мо ҷавонони кишвар, ба боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудаем, ки ин барои мо ифтихор ва масъулияти бузург аст. Вақте ки Пешвои миллат ояндаи Тоҷикистонро ба мо ҷавонон бовар карда, гуфтаанд: «Ҷавонон ояндаи миллатанд», гумон мекунам хизмати аввалиндараҷаи мо ба Ватани азизамон шомил шудан ба Артиши миллӣ мебошад. Фаромӯш накунем, ки хизмати Модар – Ватан ин қарзи имонӣ ва ҷавонмардии ҳар яки мост!»
Маврид ба ёдоварист, ки наваскарон пеш аз гусел ба хидмати ҳарбӣ курси ронандагиро хатм намуда, ба онҳо ҳуҷҷати хонандагӣ супурда шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ падару модарони наваскарон аз меҳру муҳаббат ва садоқат нисбат ба Ватан сухан карданд. Дар анҷоми чорабинӣ модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газонданд. Инчунин, ҳунармандон барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, манзури ҳозирон карданд.
Дафтари матбуоти раиси ноҳия