ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДЕҲОТИ ҚАЛЪАИ ДАШТ

print
 Имрӯзҳо бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиëр Худоëрзода, раиси ноҳия Бобишо Холзода ва дигар сохторҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Чанде пеш дар Ҷамоати шаҳраки 30- солагии Истиқлол ва Ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиев вохӯри доир гардид, дар мулоқот раиси ноҳия масъалаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид намуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни фархунда иншиоотҳои истеҳсолии хусусияти саноати дошта дар ҳудуди ноҳия дастгири карда шаванд.

  Ҳамзамон, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар ин самт, рӯёнидани ҳосил, инчунин, пардохти саривақтии андозу қувваи барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва иҷтимоӣ суҳбат намуда.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониашон ба аҳолӣ таъкид намуд, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, сатҳи ҷинояткорию қонуншикани миëни ҷавонон пешгири карда шуда, сифати таҳсилот, интизом ва тарбияи дурусти ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ зиëдтар эътибор дода шавад.

 

Шарҳи худро гузоред

*

code