ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

print

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиëр Худоëрзода ва раиси ноҳия  Бобишо Холзода ба иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявӣ “ТОҶИКИСТО – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” дипломи Озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ супура шуд.

Бояд гуфт, ки аз ноҳия дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявӣ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” 8 нафар шитирок намуд, аз ҷумла Сироҷиддин Гулшоҳзода, омӯзгори Мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев, дар номинатсияи композиторӣ сазовори ҷойи дуюм гардида бо дипломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо 25 ҳазор сомонӣ сарфароз шуд.

Инчунин, Осима Азизова аз номинатсияи сарояндаи анъанавӣ, Меҳроб Саидов ва Сиёвуш Хайриддинов номинатсияи сарояндаи академӣ, Саидабону Мирзозода номинатсияи навозандаи анъанавӣ, Басонат Шералиева ва Умеда Саидова номинатсияи санъати тасвирӣ бо ифтихорномаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмун Матлубахон Сатториён қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамзамон,  Парвина Сангова, котиби Ҷамоати деҳоти Вашгириди ноҳия барои сазовори ҷойи якум дар даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” бо диплом ва туҳфаҳо қадр гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code