ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БА РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ ШИНОС ГАРДИД
17 октябри соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, дидан кард.Зимни боздид ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба нақша гирифта шуда, фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Аршани и К” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Беҳруз Сохтмон Трэйдинг” иҷро шуда истодааст.
Тибқи лоиҳа иншооти мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 11 ҳуҷраи корӣ, 3 ҳуҷраи меҳмонхона, толори маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону техникӣ мебошад.
Вазири маориф ва илм пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмон ба масъулин ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.