Дар асоси Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2025 муассисаҳои таҳсилоти томактабии №3 ва №4-и ноҳияи Файзобод аз ҳисоби гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири пурра шуданд. Ин муассисаҳо дар замони қабл аз истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, ба таъмири пурра ниёз доштанд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муассисаҳо таъмири пурра гардида, дар онҳо беҳтарин шароит барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё шудааст.
Мудири ширхоргоҳ-кӯдакистони №4-и Ҷамоати деҳоти Вашгирд Тоҷинисо Меликова иброз дошт, ки «муассисаи мо аз ду бинои дуошёна иборат мебошад. Хушбахтона, системаи канализатсионии ин биноҳо барқарор ва болопӯши онҳо иваз гардид. Дохили ҳуҷраҳою беруни биноҳо пурра таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Пеш аз таъмири пурра дар кӯдакистон ҳамагӣ 85 кӯдак тарбия мегирифт, хушбахтона, баъди таъмир барои 200 кӯдак шароити таълиму тарбия муҳайё гардидааст».
Имрӯзҳо дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 467 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Дар марҳилаи дуюми амалишавии Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” кӯдакистони №5- ноҳия таъмиру барқарор мешавад.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди зиёда аз 174 иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора то имрӯз зиёда аз 87 иншоот ба истифода дода шуд.
Дар иншооти боқимонда, аз ҷумла дар биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази ноҳия, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бинои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ноҳия ва бинои шуъбаи маориф корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.