ТАҶЛИЛИ САДА ДАР НОҲИЯ

print

Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳи хоса таҷлил мешавад.
Чанде пеш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон, олоти меҳнати деҳқон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин карданд.
Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, рустанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода, зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ, мебошад.
– Мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳо нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад, – зикр кард раиси ноҳия.
Дар охир чанде аз деҳқонон ва кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзии ноҳия бо ифтихорнома ва сипосномаҳои роҳбарияти ноҳия қадр гардиданд.

Дафтари матбуоти раиси ноҳия

Шарҳи худро гузоред

*

code