МОДАР БОЛОТАР АЗ ФАРИШТА АСТ

print

Дар арафаи Иди Модар чанде пеш, роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Файзобод, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиëр Худоëрзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода ба аёдати модарони куҳансоли Ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳои ноҳия рафта, модаронро ба муносибати Рӯзи Модар шодбош гуфта ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.
Зимни дидорбинӣ таъкид карда шуд, ки модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Ҳамчунин, дар хусуси таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори назар карданд.
  Бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон мебошад. Зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

    Имрӯз модарон ва занону бонувони тоҷик дар ҷомеа мавқеи устувор доранд ва дар пешрафти Меҳан саҳми босазо мегузоранд.
Ҳамзамон, модарони рӯзгордида ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ ба занону модарон арзи миннатдорӣ намуданд. Бода гуфт, ки Мансур Каримзода, дар асоси супоришҳои Роҳбари давлат дастгирии занонро дар мадди аввал гузошта, баҳри кумаку ғамхории онҳо ҳамеша ёри мерасонанд.

 

 

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code