«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!» Суратгузориш аз рафти тарғиби либоси миллӣ дар ноҳия
Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ бо иштироки гулдухтарону занони ноҳия баҳри муаррифии либоси атлас, адрас, чакан ва дигар либосҳои миллӣ намоиши доир гардид. Занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ дар маркази ноҳия ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳраку деҳоти он ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳияи Файзобод либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ карданд.Бояд гуфт, ки чунин иқдом ҳамасола дар фасли Баҳор, арафаи Иди Наврӯз ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ, аз ҷониби бахши занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад.