ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗӢ ДАР НОҲИЯ

print
 Сокинони ноҳияи Файзобод Наврӯзи хуҷастапайро пуршукӯҳ ва бо шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Чанде пеш дар варзишгоҳи марказии ноҳия тантанаҳои идона бахшида ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади тантанавӣ намояндани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мансур Каримзода, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, муовинони раис, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, аҳли ҷамоатчигӣ, собиқадорони меҳнат, кормандони касбу кори гуногун ва сокинону фаъолон иштирок намуданд. 

Дар оғози чорабинӣ чун анана сокинони меҳнаткаши ноҳия бо оростани хони Наврӯзӣ ва эҳёи расму суннатҳои миллӣ ба идгоҳ ҳозир шуданд. Баъдан, намоиши молу маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, анъанаҳои неки Наврӯзӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.Мансур Каримзода, дар баромади хеш тамоми мардуми кишвар ва сокинони ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи бузурги ниёгонамон табрику муборакбод намуданд. Зикр кард, ки соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯз аз қаъри асрҳо то ба замони мо расида, муборактарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардумӣ маҳсуб ёфта, ифодагари таҷлили рӯзи нав, соли нав, иқболи нав ва орзуҳои нав, баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую расму оин, ҷаҳонбинӣ ва рукнҳои тамаддуни халқу қавмҳо буда, давоми мантиқии суннатҳои ниёгонамон мебошад.
Ба ифтихори Ҷашни Наврӯз гирду атрофи варзишгоҳ бо шиорҳо ва парчами миллӣ оро дода шуда, дар ҳар канори он сокинону меҳмонон хурсандӣ мекарданд.
Зимни ҷамомади тантанавӣ, Бахтиёр Худоёрзода, сокинони сарбаланди ноҳияро бо Ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик гуфта,зикр карданд: “Моҳияту ҳикмат ва табиати Ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст. Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад”.
Инчунин, дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони ноҳия бо сипосномаи раиси ноҳия қадр шуданд. Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
 Бояд гуфт, ки меҳмонон ба ифтихори Иди Наврӯз дар деҳаи Хами – Себи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, толори варзиширо мавриди истифода қарор доданд, ки он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ буёд ёфтааст. Иншооти зикршуда дар доираи бунёдкориҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Шарҳи худро гузоред

*

code