Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки рӯзи 9-уми март баргузор гардид, аз ҷумла зикр намуданд: “Қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъӣ ва серхарҷ иқдоми муҳим маҳсуб мешавад”. Дарвоқеъ, Қонуни мазкур дар самти сарфаю сариштакорӣ, беҳбуди рӯзгори сокинони мамлакат ва торафт кам шудани хурофоту хурофотпарастӣ саҳми бориз мегузорад.
Бо мақсади бештар тарғибу ташвиқ намудани муҳтавои Қонуни миллӣ имрӯзҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод нишасту маҳфилҳо, вохўрию мулоқотҳо доир мегарданд. Фаъолон ва ходимони дин суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин мулоқот гаштаю баргашта мехонанд, муҳтавояшро ба ҷавонон мефаҳмонанд ва дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат чорабиниҳои муфидро роҳандозӣ менамоянд. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, бо мақсади тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар якҷоягӣ бо муассисаҳои дахлдор, имомхатибони масҷидҳо дар тамоми ҷамоатҳои ноҳия, вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Чанде пеш ҳамин гуна маҳфил бо ширкати Мансур Каримзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод, бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор баргузор гашт.
Мансур Каримзода зикр кард, ки мо бояд суханони Роҳбари кишварро, ки ба хотири дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо ва беҳгардонии сатҳи зиндагии мардум аст, сармашқи кори худ намоем. Ҳар як ҳарфи Пешвои миллат ба фоидаи мардум буда, ҳидоят ба роҳи рост ва зиндагии осуда мебошад. Тавре ки Сарвари давлат зикр карданд: «Мо набояд фаромӯш кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни одӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд».
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то ки онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтанд. Ҷавонон бояд чун ватандўсти асил ба воя расанд, баҳри ҳимояи Ватан-
Модар ҷонбозиҳо намоянд, ифтихор аз Тоҷикистони биҳиштосо дошта бошанд, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда бигиранд. Мо бояд пеши роҳи қонуншиканиву исрофкорӣ, тарғиби либосҳои бегона, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротиро бигирем. Дар ин масир ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад.- Баҳри ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ кардани муҳтавои суханронии Пешвои миллат дар ноҳия ситоди махсус ташкил гардид. Аъзои он мекӯшанд, ки дар асоси супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамдастӣ бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дин ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои муҳим бештар дар байни ҷавонон кор баранд, ҷинояткорӣ, тақлид ба либосҳои бегонаро пешгирӣ намоянд, фарҳанги дурусти истифодабарии телефонҳои мобилиро шарҳ диҳанд. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, садди роҳ нашудан дар идомаи таҳсили духтарон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, даст назадан ба исрофкорӣ ва сарфи барзиёд дар ҳоҷизиёрату ҳоҷиошиву ҳоҷиталбон, пешгирии дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, мавқеи занону духтарон дар ҷомеа, роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масоили мубрами рӯз вазифаи ҳамарўзаи мо ба ҳисоб мераванд, ки иҷрояшон бароямон ҳатмист,- зикр кард Мансур Каримзода.