Бо мақсади ба таври доимӣ тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ноҳия низ корҳои ободонию созандагӣ ва ниҳолшинонӣ мунтазам баргузор мегардад. Бо ин мақсад имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия бо иштироки роҳбарияти Ҷамоат, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сокинони деҳот ҳашари умумӣ баргузор гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат ниҳолҳои ҳамешасабзи сӯзанбарг шинонида шуд.Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар гӯшаву канори ноҳия корҳои ободонию ниҳолшинонӣ идома дорад, ки дар он кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва сокинон фаъолона иштирок мекунанд. 



