Чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, аз ҷумла сармутахассиси бахши бойгонии назди мақомот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир гардид. Ҳамчунин, дар ин рӯз мудирони шуъбаю бахшҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз аттестатсия гузаштанд.