ҚАДРДОНИИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” АЗ ТАРАФИ РАИСИ НОҲИЯ
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, аз тарафи раиси ноҳия Мансур Каримзода ба иштирокчи Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дипломи Озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ мақомоти маҳаллӣ супурда шуд.
Боёд гуфт, ки чанде пеш дар Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи байналмилалии оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» доир гардид, ки дар он оилаи Бобоназар Мирзоев сазовори ҷойи сеюм гардид.
Озмун ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» тибқи «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар се давр гузаронида шуд.
Даври якуми он дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳияҳо бо муайян намудани оилаи намунавӣ аз маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шаҳру ноҳияҳо аз 10 то 27 апрели соли 2024 баргузор гардид. Даври дуюми озмун дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 29 апрел то 4 майи соли 2024 доир шуд.
Дар озмуни мазкур оилаи Бобоназар Мирзоев аз деҳаи Нодирӣ Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳия ҷойи сеюмро сазовор шуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Оилаи Бобоназар Мирзоев, солиёни зиёд дар сохтори маориф софдилона ифои вазифа намудаанд, худ ва ҳамсараш омӯзгори варзида ва ба садҳо нафар ҳаққи устодӣ доранд. Онҳо дар оиладорӣ, тарбияи фарзандон намунаи ибрат ҳастанд.