ҶИҲАТИ ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМУДАНИ НАСЛИ ҶАВОН БО ХОНАНДАГОНИ МТМУ№59 ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО ВОХӮРӢ ДОИР ШУД

print
 Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59- и деҳаи Заркамари Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” бо хонандагони синфҳои болоӣ ва падару модарони онҳо мулоқот доир шуд.Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Махфират Рашидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Оятулло Раҷабзода ва намояндагон аз шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфта шуд.  Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масоили пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи садоқат ба Ватан, хизмат намудан дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва иззату эҳтироми омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷамъомад ба хонандагони муассисаи таълимии мазкур ва волидайни онҳо гуфта шуд, ки дар муносибат бо шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ эҳтиёткор бошанд. Дар вақтҳои зарурӣ аз интернет самаранок истифода бурда, барои ғанӣ гардонидани маърифату фарҳанг ва сатҳи илму донишандӯзии худ саъю кӯшиш намоянд.

Шарҳи худро гузоред

*

code