КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ

print

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ имрӯзҳо дар гӯшаву канори ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар авҷанд. Симои ноҳия рӯз ба рӯз зеботару пурҳашамат мегардад. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматронӣ ва  иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ дар ноҳия далели ин гуфтаҳоянд. Мардуми заҳматпешаи ноҳия ин ҳамаро аз сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда,  дилгармона ба сӯи фардои дурахшон гом мениҳанд.

Бахшида ба таҷлили сазовори Ҷашин 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳҳои ноҳия сохтмону азнавсозии иншоотҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, инчунин, таҷдиду азнавсозии роҳу маҳаллаҳо на танҳо дар маркази ноҳия балки дар деҳоти атрофи он ҳам бомаром сурат гирифта, дигаргуниҳои зиёд ба вуқуъ пайвастанд. Сокинони сарбаланид ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри рушди соҳаҳои хоҷагии халқ дастаҷаъмона кӯшиш менамоянд.

 Имрӯзҳо ба ҳар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд. Ободонии мактабу роҳу деҳаи худ. Зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст.

Ҳамин аст, ки айни ҳол дар Ҷамоатҳои шаҳраки “30- солагии Истиқлол”, деҳоти Қалъаи дашт ва Чашмасор корҳои ободони рафта истодааст.

 Мардуми меҳнаткаши ҷамоатҳо бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин ҷашни таърихӣ чораҳои зиёд роҳандозӣ карда, пайваста рафти иҷрои корҳо ва сифати онҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳад. Айни ҳол дар ҷамоатҳои мазкур бунёду азнавсозии иншооти гуногусамт идора доранд.

 

 

Шарҳи худро гузоред

*

code