Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд

print

ДУШАНБЕ, 16.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ шуд.
«Мо саҳми Хазинаи байналмилалии асъорро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон қадр менамоем», — таъкид доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум табодули андеша карданд.
Роҳҳои тобовар намудани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла шиддати хавфҳои геосиёсӣ, нооромиҳои минтақавӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Барои устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвари мо идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ андешаронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

Шарҳи худро гузоред

*

code