Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба ӯ дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайян кардаашон муваффақиятҳои бузург орзу намуданд.
Пешвои миллат ҷараёни инкишофи босуръати муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба туфайли талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд, зикр карданд.
Ҳамзамон, саҳми муҳими Президенти Қазоқистон дар пешбурди пайвастаи ин раванд таъкид гардид.
Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, барномаи вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд.
«Ховар»