ГУЛНОЗА АҲМАДОВА – ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

print

Гулноза Аҳмадова, хонандаи синфи даҳуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Файзобод, дар Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон аз фанни забони англисӣ ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид. 

Тавре Гулноз Аҳмадова иброз дошт: «Дар замони соҳибистиқлолӣ  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас беҳтарин шароити хонданро муҳайё намудаанд. Ман аз ин имконият самаранок истифода бурда, вақти зиёдамро ба хондану аз худ кардани забонҳои англисӣ ва русӣ сарф намудам. Ҳоло ба мо беҳтарин омӯзгорон сабақ медиҳанд. Хушбахтона, ман ба ин Озмуни байналмилалӣ роҳ ёфта, рақобат намудам ва дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии 13 давлати дунё сазовори ҷойи аввал гардида, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштам, ки бароям боиси ифтихор ва фаромӯшнопазир аст».

Матлуба Мирзоева омӯзгори фанни забони англисӣ гуфт, ки аз Муассисаи мо дар ин Олимпиадаи байналмилалӣ се нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, ки ин мояи ифтихори мо – омӯзгорон, мебошад. Бояд гуфт, ки усулҳои нави таълим ва истифодаи технологияи наву барномаҳои гуногуни забономӯзӣ ба насли наврас таъсири хуб расонда, онҳо кӯшиш менамоянд, ки захираи луғавиашонро зиёд намуда, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ гарданд. 

Ба гуфтаи омӯзгор, Гулноза Аҳмадова яке аз хонандагони серталаби мактаб ба ҳисоб меравад ва имрӯзҳо ба забони англисӣ ва русӣ озод суҳбат менамояд.

Шарҳи худро гузоред

*

code