Ҷавонон – парчамбардори имрӯз ва фардои миллат! Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳия

print
 23-юми май, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар маркази ноҳияи Файзобод роҳпаймоӣ баргузор гардид. Садҳо нафар ҷавонони саодатманди диёр аз назди комиссариати ҳарбӣ то назди боғи фарҳангии ба номи Бозор Собир, ки макони баргузории чорабинӣ интихоб шуда буд, роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси ноҳия Мансур Каримзода зимни суханронӣ, аз ҷумла зикр кард: “Мулоқотҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки роҳбарияти кишвар ба неруи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар самти ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президенти мамлакат зиёд гардида, барномаҳои соҳавии сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон, тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидаанд”.
Маҳз иродату садоқат ва кӯшишу талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки иқдоми шоистаи ҷавонон ва беҳтарин ташаббусҳои созандаи онҳо пуштибонӣ ёфта, ҷавонони тоҷик дар самтҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муваффақона ва сарбаландона фаъолият доранд.
Зимни чорабинӣ ҷавонони фаъол, ки дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ифтихорнома ва мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд. Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштаанд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, 12 хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия, ки чанде пеш дар олимпиадаи байналмилалии фаннии Донишгоҳи байналмилалии Самарқанди Ӯзбекистон сазовори медал гаштанд, бо туҳфаҳо қадр гаштанд.
Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия ва сарояндаҳо барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

Шарҳи худро гузоред

*

code