ФАЙЗОБОД РУҲИЯИ ИДОНА МЕГИРАД

print

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Файзобод корҳои ободонию созандагӣ бо суръати баланд идома дорад.
Директори КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия Сайдалӣ Шамсиён иттилоъ дод, ки имсол дар кӯчаи Исмоили Сомонии маркази ноҳия ва дар гулдонҳои шафати роҳҳою кӯчаи марказии ноҳия 30 ҳазор бех гулҳои «Тагиес», «Салви», «Тоҷи хурӯсак», «Хризантема», буттаҳои ороишии «Брисклети зард», «Коника», «Сирена», ниҳолҳои «Туя»-и амрикоӣ ва «Ел»-и тиёншонӣ шинониданд. Корҳои хуррамгардонию ободонӣ дар кӯчаҳои дигари маркази ноҳия низ бо дастгирии шахсони саховатпеша ва сокинон идома дорад.
Ҳамчунин, дар роҳу кӯчаҳои маркази ноҳия шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллат, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, қаҳрамонони Тоҷикистон, иқтибос аз суханрониҳо ва Паёми Президенти мамлакат ва дигар навиштаҷот насб шудааст.
Ба ифтихори 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар ноҳия шаш иншоот, аз қабили ду мағозаи маҳсулоти ниёзи мардум ва хӯрокворӣ дар деҳаи Мискинобод, мағозаи маҳсулоти сохтмонӣ ва хӯрокворӣ дар деҳаи Фатҳободи шаҳраки «30-солагии Истиқлол», нуқтаи хизматрасонӣ ва кошонаи ҳусн дар деҳаи Дашти Марзои деҳоти «Қалъаи Дашт», инчунин, пули пиёдагард байни кӯчаҳои Сино ва Саидшоҳии шаҳраки Файзобод, ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, сохтмон дар 52 иншоот, аз ҷумла 4 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи тандурустӣ, 2 иншооти варзиш ва марказҳои савдою хизматрасонӣ, идома дорад.

Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»

Шарҳи худро гузоред

*

code