ИҶЛОСИЯИ БИСТУ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД, ДАЪВАТИ ШАШУМ
Санаи 1 июли соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи бисту сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Кори иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.
Дар кори иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мансур Каримзода, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, вакилони халқ, роҳбарони воҳидҳои сохтори дастгоҳи раис, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар асоси рӯзномаи иҷлосия шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
1 Рафти амалишавии Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи
Файзобод барои солҳои 2021-2025;
2 Рафти иҷрои буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи якуми соли 2024;
3 Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон, тартиботи ҳуқуқӣ ва сохти маъмурию ҳудуди;
4 Номгузории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №64-и Ҷамоати деҳоти Ҷавонон;
5 Оид ба ворид намудани тағйирот ба замимаи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30 июни соли 2022, №188 “Дар бораи тасдиқи нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар ноҳияи Файзобод”;
6 Тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосия аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод қарорҳои дахлдор қабул гардид.