СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО МАСЪУЛОНИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

print
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, бо мақсади баланд бардоштани дарки масъулиятнокӣ оид ба  истифодабарии заминҳои кишоварзӣ, роҳ надодан ба ҳолатҳои талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ, имрӯзҳо миёни сокинон вохӯрию семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад чанде пеш, ҷиҳати боло бурдани маданияти истифодаи замин ва кишти такрорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия семинари омӯзишӣ баргузор шуд, ки дар он муовини аввали раиси ноҳия Ҷаҳонбек Амонализода,  масъулони соҳаи кишоварзии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  ва деҳқонони деҳот фаъолона иштирок намуданд.

Шарҳи худро гузоред

*

code